15 августи соли 2024 дар доираи Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон КВД «Шаҳри ҳушманд» дар ҷаласаи панелии «Мубодилаи таҷриба дар самти рушди соҳибкории ҷавонон ва механизмҳои дастгирии стартапҳо», рунамо муаррифӣ кард.
Зимнан зикр гардид, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавассути технологияҳои иттилоотӣ, ки як тамоюли мега тренди замонавӣ мебошад ба «Шаҳри ҳушманд» табдил меёбад.
Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон барои роҳбарону фаъолони ҷавони ду кишвар як рӯйдоди муҳиме гардида имконияти беназир барои табодули таҷриба, барқарор кардани робитаҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак фазои мусоид фароҳам меорад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед