20 августи соли 2024 намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» аз Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии телекоммуникатсионии «Белтелеком»-и Ҷумҳурии Беларус боздид карданд.
Мавзуъҳои асосии вохӯрӣ Консепсияи шаҳрҳои ҳушманд ва дурнамои истифодаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёти шаҳрӣ буданд ва инчунин муаррифии лоиҳаи «Шаҳри ман» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ намояндагони ширкати «Гипросвязь» низ иштирок доштанд.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд» ва «Белтелеком» таъкид карданд, ки ҳамкориҳои судманд ба татбиқи пешниҳодҳои инноватсионӣ дар соҳаи шаҳрҳои ҳушманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус мусоидат мекунанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед