Конфронси ҳамасолаи Бунёди Сколково — Деҳаи Стартап 2023

Конфронси ҳамасолаи Бунёди Сколково — Деҳаи Стартап 2023

Санаи 25 май дар Маскав конфронси солонаи Бунёди Сколково – Деҳаи Стартап 2023 баргузор шуд. Дар он ҳазорон соҳибкорон, менторҳо, стартапперҳо, сармоягузорон ва олимон ширкат доштанд. Дар намоишгоҳи лоиҳаҳои технологии Startup Bazaar зиёда аз 100 коркарди стартапҳои Русия ва хориҷӣ ва муаррифии идеяњои нави технологӣ дар ҷаласаҳои менторӣ баргузор шуданд.

Дар ин чорабинӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо барномаи «еDonish» дар соҳаи маориф иштирок намуданд. Барнома барои идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳр таҳия шудааст. Замимаи барнома журнал ва рўзномаи электронӣ, маводҳои таълимӣ, маълумот дар бораи пешрафти хонандагон ва чорабиниҳои дарпешистодаи мактаб, инчунин рейтинги омӯзгорону хонандагонро дар бар мегирад.

Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарами Рустами Эмомалӣ 105 муассисаҳои таълимӣ ба барнома васл карда шуда, интернет ва шабакаи локалӣ гузаронида шудаанд ва камераҳои faceID барои шинохти чеҳра насб карда шуданд.Барнома ҳамчун майдони мубоҳиса ва табодули афкори беҳтарин, таҷриба ва дониш хидмат мекунад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top