Мулоқот байни роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» ва «Гурӯҳи 55 (55 Group)».

Санаи 27 ноябри соли 2019 дар бинои «Гурӯҳи 55» мулоқот байни роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» ва «Гурӯҳи 55» баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба дурнамои ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои ҳушманд сӯҳбат намуданд. Директори КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» Самадов Саъди Хайруллоевич роҳбарият ва масъулини «Гурӯҳи 55 (55 Group)» -ро бо лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» шинос намуда, иброз доштанд, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкур барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо бо технологияҳои муосир муоидат менамояд.

Дар анҷоми мулоқот, ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳо мақсад гузоштанд, ки дар самтҳои мухталифи лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» табодули таҷриба менамоянд.

 

 

Илова кунед

scroll to top