Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамаи Шуморо бо ҷашни пуршукӯҳи кишвар, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба Шумо сулҳу субот, амният ва тансиҳатию некбахтиро таманно менамоянд.

Мо эътимоди комил дорем, ки ҳамватанони бо ору номуси кишвар бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати поквиҷдонона дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳанд гузошт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top