ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ДАРСИ КУШОДИ ФАКУЛТАТИВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

3 октябри соли равон дар Литсейи Президентии Тоҷикистон дарси кушоди факултативии «Зеҳни сунъӣ» баргузор гардид. Дарси мазкур дар доираи лоиҳаи озмоишии таълимии «Зеҳни сунъӣ», ки аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.

Дар дарси кушоди мазкур сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М., директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Муродзода З., муовини раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов Ф., муовини директори КВД «Шаҳри ҳушмад (Smart city)» — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобоев Ф., инчунин намояндагони як қатор ташкилотҳои соҳавӣ ва доираи васеи хонандагону омӯзгорон иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории машғулияти мазкур назорат ва таҳлили ҷараёни таълим, таҳияи дастуру тавсияҳои судманд барои такмили фанни «Асосоҳои зеҳни сунъӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар оянда мебошад.

Муҳтавои дарс ба шинос намудани хонандагон бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва рушди малакаҳои амалии онҳо дар самти технологияҳои муосир равона гардид.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол лоиҳаи озмоишии таълими «Зеҳни сунъӣ» дар 60 адад муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе татбиқ карда шуда истодааст.

“МД “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top