Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ баргузор гардид

26 сентябри соли 2025 иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони воҳидҳои сохтории он, намояндагони корхонаҳо ва муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳо, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар оғоз, масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Дар идома амалисозии «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, дар иҷлосия «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top