15 сентябри соли 2025, роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.
Сараввал ба меҳмонон лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» муаррифӣ карда шуд.
Ҳадафи асосии ин вохӯрӣ таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи инноватсионии «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» мебошад. Ин харитаи рақамӣ имконият фароҳам меорад, ки мутахассисон ҳолати объектҳои табииро ба таври дақиқ ва муассир назорат кунанд, баҳисобгирии майдонҳои сабзро анҷом диҳанд ва дар асоси маълумоти воқеӣ стратегияи беҳсозии вазъи экологии шаҳрро таҳия намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти татбиқи чунин технологияҳои рақамиро дар баланд бардоштани самаранокии идоракунии инфрасохтори шаҳр ва расидан ба ҳадафҳои стратегии рушди устувори шаҳри Душанбе таъкид карданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ тасмим гирифта шуд, ки механизмҳои ҷорӣ намудани ин система ба равандҳои кории Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳия гардида, барои ҳамгироии технологияҳои муосир ба идоракунии муҳити зист ва таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ замина фароҳам оварда шавад.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte