Вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» бо директори генералии «Sansei Corporation»

11 сентябри соли 2025 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо директори генералии ширкати «Sansei Corporation», ҷаноби Наоки Шова баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ меҳмонон бо самтҳои фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд. Ҳамзамон рӯнамоии корхона, аз ҷумла ташаббусҳои нав дар соҳаи рақамисозии шаҳр, муаррифӣ гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои арзёбии дастовардҳо ва мушкилоти марбут ба татбиқи ҳадафҳои рушди устуворро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин, имконияти иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба технологияҳои муосир мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд», аз ҷумла лоиҳаи «еТиб», ки ба рақамисозии соҳаи тандурустӣ равона шудааст, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зарурати татбиқи чунин лоиҳаҳоро дар баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин рушди малакаҳои ҷавонон дар соҳаи IT таъкид намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкоронаи самаранок баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top