10 сентябри соли 2025 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Судипто Мукерҷӣ баргузор гардид.
Сараввал ба меҳмонон рӯнамоӣ фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои «Ҳушманд» пешниҳод ва муаррифӣ гардид.
Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои арзёбии дастовардҳо ва мушкилоти шаҳр дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, пешбурди ташаббусҳои марбут ба беҳбудии муҳити зист ва зиндагии устувор дар шаҳрҳо, инчунин ташкили платформаҳо барои мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дигар дар самти рақамисозиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои нав баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи «eDonish» ва бахши технологияҳои сабз мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ тарафайн лоиҳаҳои муҳими «Шаҳри ҳушманд», аз ҷумла «еДониш» дар соҳаи маориф, «еТиб» дар соҳаи тандурустӣ ва «Ҳукумати электронӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки ҳадафи асосии татбиқи ин лоиҳаҳо баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди савияи дониши ҷавонон дар самти IT-технологияҳо мебошад.
Ҷонибҳо аҳамияти татбиқи чунин лоиҳаҳоро дар баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин таҳкими сатҳи дониши ҷавонон дар соҳаи технологияҳои муосири IT таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкоронаи самаранок баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte