Ҳамоиши тантанавӣ дар КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city) ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15 ноябри 2021 дар Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар суханронии табрикӣ директори корхона Саъдӣ Самадзод саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро таъкид кард.

Зикр шуд, ки натиҷаи ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат, аз ҷумла сиёсати “дарҳои боз” аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти кулли кишварҳои олам муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосси худро касб намудааст.

Гиромидошти Рӯзи Президент, ки ибтидоан аз соли 2016 ба ҳукми анъана даромада ҳар сол таҷлил мешавад, нишонае аз қадрдонии миллати мо нисбат ба Пешвои худ ва омили дигари ваҳдату якпорчагӣ ва рамзи муттаҳидии тамоми мардум дар атрофи Президенти маҳбуб ва қадам гузоштан дар роҳи амалисозии нақшаву барномаҳои ояндасози ин марди шариф мебошад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top