Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №643 «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди фарҳанги техникии аҳолӣ, мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт тавассути истифодаи имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, татбиқи элементҳои ҳукумати электронӣ дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт озмуни шаҳрии «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» эълон карда шуд.
Озмун аз рӯи 4 номинатсия дар байни шахсони ҳуқуқию воқеии ватанӣ, ки дар сохтани сомонаҳои инноватсионӣ ва татбиқи он барои хизматрасонӣ ба сокинони шаҳр муваффақ шудаанд ва ё лоиҳаи сомонаи инноватсиониро баҳри ҳалли масъалаҳои мубрами шаҳрдорӣ нигаронидаанд, пешниҳод менамоянд, гузаронида шуд:
– Беҳтарин сомонаи инноватсионии хизматрасониҳои давлатӣ;
– Беҳтарин сомонаи инноватсионии иҷтимоӣ;
– Беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкориҳои давлатӣ-хусусӣ (аутсорсинг);
– Беҳтарин сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ.
Дар озмун 54 дархости озмунӣ қабул карда шуд ва баъд аз коркарди онҳо 11 сомона ҳамчун беҳтарин сомонаҳои аз рӯи номинатсияҳои муайян сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд:
Ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” аз рӯйи номинатсияи Беҳтарин сомонаи инноватсионии хизматрасониҳои давлатӣ:
1. Барои ишғоли ҷои сеюм аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, масъули сомона Озарҷони Шералӣ бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
2. Барои ишғоли ҷои дуюм аз рӯйи ин номинатсия сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъули сомона Ҷамшед Олимов бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
3. Барои ишғоли ҷои якум аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули сомона Миршакар Алимшоев бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
Ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ”-ро аз рӯйи номинатсияи Беҳтарин сомонаи инноватсионии иҷтимоӣ:
1. Барои ишғоли ҷои сеюм аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Медицина Таджикистана Онлайн, масъули сомона Камолов Орифҷон бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
2. Барои ишғоли ҷои дуюм аз рӯйи ин номинатсия сомонаи радиои Садои Душанбе, масъули сомона Мирсаиди Сатториён бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
3. Барои ишғоли ҷои якум аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули сомона Назарзода Рустам бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
Ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ”-ро аз рӯйи номинатсияи Беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкориҳои давлатӣ – хусусӣ:
1. Барои ишғоли ҷои сеюм аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъули сомона Самадзода Ифтихор бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
2. Барои ишғоли ҷои дуюм аз рӯйи ин номинатсия сомонаи “Довталаб”, масъули сомона Муродов Зафар бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
3. Барои ишғоли ҷои якум аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Рӯзномаи электронии “Е – Дониш”, масъули сомона Бобоҷон Тӯраев бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
Ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ”-ро аз рӯйи номинатсияи Беҳтарин сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ идома медиҳем:
1. Барои ишғоли ҷои дуюм аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо”, масъули сомона Сулаймонов Акбар бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
2. Барои ишғоли ҷои якум аз рӯйи ин номинатсия сомонаи Смарт – сервис – Высокое качество обсулуживания, масъули сомона додихудоев Парвиз бо Диплом, ҷоми ғолиб ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ сарфароз карда мешавад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед