20 апрели соли 2026 вохӯрии роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” бо намояндагони ширкати чинӣ “CAMCE Resources Co., Ltd” баргузор гардид.
Корпоратсияи муҳандисии Чин (САМСЕ) зери идораи Корпоратсияи миллии мошинсозии Чин (SINOMACH) фаъолият мекунад, ки яке аз корхонаҳои калидии давлатӣ буда, мустақиман таҳти идораи ҳукумати марказӣ қарор дорад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтории шаҳр баррасӣ намуданд. Асосан ба рушди низоми муомила бо партовҳои сахти маишӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Намояндагони “CAMCE Resources Co., Ltd” ҳалли технологӣ ва таҷрибаи байналмилалии худро дар соҳаи коркарди партовҳо муаррифӣ намуда, зарурати ҷорӣ намудани усулҳои устувори экологӣ ва самараноки энергетикиро таъкид карданд.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавсмандӣ аз густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор намуда, барои идомаи баррасии лоиҳаҳои муштарак мувофиқа карданд.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte