Шиносоӣ аз “Alem.ai”, “Astana Hub” ва “Presight.ai” дар доираи “RES Саммит 2026”

Дар доираи баргузории Саммити экологии минтақавӣ “RES Саммит 2026”, ки рӯзҳои 22-24 апрели соли 2026 дар шаҳри Астанаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, шиносоӣ ва мулоқот бо Маркази байналмилалии зеҳни сунъӣ “Alem.ai”, технопарки бузургтарини лоиҳаҳои IT дар Осиёи Марказӣ “Astana Hub” ва ширкати байналмилалии “Presight.ai” баргузор шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот имкониятҳои ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди технологияҳои сабз ва ҳалли рақамии устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳадафи ин вохӯриҳо муаррифии таҷриба ва имкониятҳои ширкатҳои пешсафи байналмилалӣ дар самти ҳалли рақамӣ, рушди экосистемаҳои инноватсионӣ ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Ин шиносоӣ заминаи муҳиме барои густариши ҳамкорӣ, мубодилаи дониш ва ҷалби таҷрибаи муосир дар татбиқи лоиҳаҳои “шаҳри ҳушманд” дар шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.

Ин иқдом, бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи муваффақи ширкатҳои байналмилалӣ, омодагии ҷонибҳоро барои ҳамкорӣ дар самти таҳияи ҳалли рақамӣ, рушди инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои шаҳрӣ нишон медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top