Иштирок дар барномаи Бонки Ҷаҳонӣ – “Семинар оид ба тағирёбии иқлим дар шаҳрҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва таҳлили техникӣ”

Бо ташаббуси Бонки Ҷаҳонӣ рӯзҳои 8-11 майи соли 2023 дар шаҳри Венаи Австрия семинар оид ба тағирёбии иқлим дар шаҳрҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва таҳлили техникӣ баргузор гардид.

Ҳадафи семинар муттаҳид сохтани як гурӯҳи кишварҳои муштарии Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои роҳандозии барнома ва таҳлили амиқи техникӣ бо мақсади табодули таҷрибаҳои беҳтарин оид ба ҳалли тағйирёбии иқлим ва чӣ гуна ворид кардани онҳо ба барномаҳои амалиётӣ, ки кишварҳо кор карда истодаанд мебошад.

Дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ сокинони шаҳрҳо аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Мутаносибан, шаҳрҳои минтақа бо мушкилоти мухталифи марбут ба тағйирёбии иқлим, тағйироти иқтисодию демографӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ин мушкилот барои ҳукуматҳо ва раисони шаҳрҳо вазифаи торафт муҳим мегардад.

Иштирокчиёни ин чорабинӣ оиди пайдо намудани ҳалли ин мушкилотҳо чораандешӣ намуданд.

Дар баробари намояндагони дигар кишварҳо дар семинар муовини раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва муовини Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бобоев Фарҳод иштирок ва дар мавзӯи “Тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маърӯза баромад намуд.

Дар чорчӯбаи баргузории семинар бо Кристоф Пуш-роҳбари таҷрибаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба таѓйирёбии иқлим ва идоракунии хатари офатҳои табии вохурии судманд гузаронида шуд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top