Презентатсияи марҳилаи дуюми лоиҳаи “GPS” баргузор гардид.

Санаи 14 апрели соли 2023 дар Маркази идоракунии лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе презентатсияи марҳилаи дуюми лоиҳаи “GPS” баргузор гардид. Дар маросими муаррифӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Саидзода Фирдавс Ҳамро, директорҳои ККВД “Автобуси 1, 2, 3”, ККВД “Троллейбус” ва инчунин директори ККВД “Душанбенақлиётхадамотрасон” иштирок варзиданд.

Зимни муаррифӣ натиҷаҳои кор дар марҳилаи 1-уми лоиҳаи “GPS”, нақшаи кори марҳилаи 2-юм муаррифӣ гардида, таҷҳизотҳои алоқа байни оператор ва ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ва таблоҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақт (рафту омади нақлиёти ҷамъиятӣ) намоиш дода шуданд.

Дар фарҷоми презентатсия муҳтарам Фирдавс Ҳамро ба масъулин дастурҳои мушаххас оид ба татбиқи марҳилаи дуввуми лоиҳаи “GPS” супоришҳо доданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top