Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар тадбирҳои ба “шаҳри гулрез” тадӣил додани пойтахти мамлакат саҳм гузошта, дар мавсими сабзухуррамгардонӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонда, онро варвариш намоянд. Бо ин иқдом мо натанҳо шаҳри худро гулрезу гулшӯш мегардонем, балки дар рушди эҳсоси зебоипарастии аҳли ҷомеа ва дар ободию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ саҳм мегузорему ба насли ҷавонону навраси мамлакат дӯст доштани табиат, шаҳру деҳот, маҳалли заст ва сарзамини худро меомӯзонем.
Илова кунед