1 октябри соли 2021 дар шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб, Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» расман ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО 2020 – Раиси Палатаи савдо ва саноат, Коммисари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъахонзода Ҷамшед, Сафири Фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб – Баҳодур Шарифӣ, Консули Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай- Илҳом Абдураҳмонзода, Директори Раёсати Иштирокчиёни байналмилалии ЭКСПО 2020 Андре Дорадо, намояндагони қитъаҳои намоишии Аморати Муттаҳидаи Араб – Мариам Амирӣ, намояндагони корпуси дипломатии Тоҷикистон, кишварҳои иштирокчии Намоишгоҳ, мудирияти ЭКСПО 2020 ва соҳибкорони Ҷумҳурии Точикистон иштирок доштанд.
Қитъаи намоишии Тоҷикистон дар ЭКСПО 2020, дар асоси ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар зермавзӯи “Рушди устувор” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” ташкил шудааст.
Дар гӯшаи намоишии Точикистон бо такя ба санъати меъмории муосири миллӣ, бо истифода аз унсурҳои миллӣ, биноҳои зебо, табиати мафтункунанда, захираҳои обӣ, иқтидори сайёҳӣ, намунаи куҳҳои баланд, ҳунарҳои мардумӣ, боғҳои зебо ва ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ шудааст.
Ҳамин тариқ бо имконоти хуби намоишӣ, имконоти табииву истеҳсолӣ, иқтидори гидроэнергетикӣ, аз ҷумла фарҳангу таърих, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, инчунин имкониятҳои сайёҳӣ ва сармоягузории Тоҷикистон, саноати хӯрокворӣ, кӯҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ, ҳайвонҳои нодир аз қабили гусфанди Марко – поло, Бузи куҳии Морхур, Бабри барфӣ ва ғайраҳо дар шакли расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофильмҳо, маводҳои иттилоотии чопӣ ва электронӣ ба ҷаҳониён манзур мегардад.
Дар ҷараёни маросими расмии ифтитоҳи гӯшаи намоишии Тоҷикистон таъкид гардид, ки иштироки Точикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО 2020 барои муаррифии дастовардҳои иктисодӣ, имкониятҳои содиротӣ, таърих ва фарҳанги Тоҷикистон дар Аморати муҳҳидаи Араб, дар умум кишварҳои Араб ва инчунин дар сатҳи Ҷахонӣ имконоти хуб мебошад. Андре Дорадо- намояндаи мудирияти ЭКСПО 2020, ба гӯшаи намоишии Тоҷикистон барои ташкили қитаи зебо ва услуби ғайриоддиву диққатҷалбкунандаи муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон баҳо баланд дод.
Дар Намоишгоҳ вазорату идораҳои кишвар ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, молу маҳсулот ва экспонатҳои худро пешниҳод намуданд ва инчунин дар ташкили Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузоштанд.
Аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди саёҳӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, КВД «Шаҳри Хушманд» -и назди Хукумати шаҳри Душанбе, Геологияи Тоҷик, Корхонаҳои «Асали Тоҷикистон», «Авесто Групп», Ширкати ҳавопаймоии «Сомонэйр» корхонаи «Асрори санг», Бренди “LAAL TEXTILE”, ширкати «Т&Z», Ассотсиатсия ҳнуармандони Суғд, Ассотсиатсия шикорчиён ва як қатор дигар сохторҳои давлатӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаҳои беҳтарин ва хушсифати маҳсулоти худро ба мараз гузошта, саҳмгузор гардиданд.
Намоишгоҳи Умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2020», 30 сентябри соли ҷорӣ дар маҷмааи Алвасл ташкил шуда, муддати 6 моҳ аз 01- октябри соли 2021 то 01- апрели соли 2022 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб амал мекунад.
Дар ин замина ба Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати умумиаш 430 м2 пешниҳод шудааст, ки дар қабати якум масоҳати майдони намоишгоҳ 230 м2 ва дар қабати дуюм масоҳати 200 м2 барои ҷойгир кардани анборхона, идораи корӣ ва дигар иншоотҳои техникӣ пешбинӣ гардидааст.
TPP.TJ Хабар медиҳад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед