9 феврали соли 2021 дар дафтари кории намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии роҳбари намояндагӣ ЮНИСЕФ ҷаноби Осама Маккавӣ Когалӣ бо директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории вохурӣ, ҳамкорӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои “ҳушманд”аз он ҷумла, лоиҳаи системаи иттилоотии таҳсилот дар шаҳри Душанбе “еDonish”, дар соҳаи тандурустӣ “Тибби осон” ва дигар соҳаҳои таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида баён доштанд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед