Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боиси рушди соҳа ва ба маротиб афзудани мақоми омӯзгор дар ҷомеа гардидааст.
Боиси фараҳмандии мост, ки Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар яке аз самтҳои фаъолияти худ , яъне ҷори намудани барномаи “eDonish” бо аҳли маориф алалхусус бо омӯзгорони гиромӣ ҳамкорӣ ва шарикӣ дорад. Татбиқи барномаи электронии “eDonish” яке аз воситаҳои муассир барои таҳким ва таъмини усутвории робитаи оила бо мактабҳо ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, зеро ба камол расонидани шахсияти комил ва муҷаҳҳаз бо донишҳои замонавӣ аз натиҷаи ҳамкориву робитаи зичи се ниҳоди муҳим – оила, мактаб ва ҷомеа вобаста аст. Агар ба беҳбудии таълиму тарбияи насли наврас дар ин се ниҳод муносибат бо дарки баланди масъулият зоҳир шавад, мо соҳиби дастовардҳои назаррас хоҳем гашт.
Бо изҳори ниятҳои нек, устодон ва омӯзгорони гиромӣ, ки бо заковату дониши баланд дар назди ҷомеа маҳбубияти хоса доред, ба муносибати Иди касбӣ – Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният намуда, ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори ободу осуда ва дастовардҳои бештари эҷодӣ таманно дорем.
Ид муборак, устодону омӯзгорони азиз!
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед