Мулоқот бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд

Санаи 23 апрели соли 2024 дар КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо директори Департаменти обтаъминкунӣ ва рушди шаҳрии Бонки Осиёгии Рушд Ҷингмин Хуанг, мутахассиси рушди шаҳр Ҷей Бай ва ассистенти калони лоиҳа Фируза Додомирзоева мулоқот баргузор гардид.

Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» дар бораи фаъолият ва лоиҳаҳои корхона рунамо пешниҳод гардид. Ба лоиҳаҳо дар соҳаи технологияҳои сабз диққати махсус дода шуд.

Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор шуд ва ҷонибҳо қайд карданд, ки «Лоиҳаҳои сабз» ба таъсиси шаҳрҳои устувор, беҳтар кардани сифати зиндагии шаҳрвандон ва ҳифзи муҳити зист барои наслҳои оянда мусоидат мекунанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top