Муаррифии барномаи “eDonish” дар литсейи №3 барои кӯдакони болаёқати ш. Душанбе.

12 декабри соли 2020 дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи ш.Душане ва ИКТ «Ватан» рӯнамоии барномаи электронии “eDonish” барои волидони хонандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Азизӣ Муҳаммадалӣ Миралӣ ширкат варзида, бо ҷамъе аз волидони хонандагони Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе вохӯрӣ намуда, атрофи муҳиммияти татбиқ намудани барномаи электронии “eDonish” сӯҳбати пурмуҳтаво доир намуданд.

Барномаи “eDonish” хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Обуна шавед Viber

Обуна шавед Telegram

Илова кунед

scroll to top