Вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» бо ширкати “Smart IT”

16 январи соли 2026 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ширкати байналмилалии “Smart IT” аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар соҳаи амнияти иттилоотӣ фаъолият мекунад, баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот мутахассиси КВД «Шаҳри ҳушманд» рунамо оид ба фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои амалкунанда пешниҳод намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самтҳои таъсиси маркази коркарди маълумот, рушди зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои зарурӣ ва такмили низоми идоракунии шаҳрро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таваҷҷуҳи хоса ба истифодаи платформаҳои таҳлилӣ, системаҳои мониторинг ва технологияҳои дорои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии равандҳои шаҳрӣ равона гардид. Намояндагони ширкат омодагии худро ҷиҳати мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва мутобиқсозии ҳалли технологӣ ба шароити шаҳри Душанбе изҳор намуданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо оид ба идомаи муколама ва таҳияи пешниҳодҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ мубодилаи назар оид ба самтҳои калидии рушди устувор ва рақамии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top