Вохӯрӣ КВД «Шаҳри ҳушманд» ва ширкати VINAFORE INFORMATICS AND TELECOMMUNICATION JSC

20 январи соли 2026 роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city) » – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ бо ширкати «Vinafore Informatics and Telecommunication JSC» Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам баргузор намуд.

Ширкати мазкур соли 2006 таъсис ёфта, зиёда аз 18 сол аст, ки дар бозори технологияҳои рақамӣ бомуваффақият фаъолият мекунад. Самтҳои асосии фаъолияти он инфрасохтори иттилоотӣ, шабака ва телекоммуникатсия, амнияти киберӣ, технологияҳои захиравӣ ва виртуализатсия, инчунин ҳалли AIoT ва лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» мебошанд.

Дар ҷараёни мулоқот презентатсияи корхона ва лоиҳаҳои амалкунанда муаррифӣ гардид. Ҳамчунин аз ҷониби меҳмонон низ презентатсия пешниҳод шуда, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи ҳалли инноватсионӣ ва густариши лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд»-ро баррасӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки таҷрибаи байналмилалии ширкат метавонад ба татбиқи босамари барномаҳои рақамисозӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.

Ин мулоқот оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ буда, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top