Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди пойтахт, гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Имрӯз дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти милитсияи пойтахт, Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, инчунин масъулини Марказҳои «Шаҳри бехатар» ва «Шаҳри ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани вазъи ҳаракат дар роҳ, пешгирии қоидавайронкуниҳо, бартараф намудани тамбашавӣ, коҳиш додани ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ, истифодаи самараноки камераҳои назоратӣ ва технологияҳои муосир дар идоракунии ҳаракат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута метавонад ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мусоидат намояд.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte