Рӯзҳои 29-30 сентябри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест 2023» баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш муаррифии иқтидор ва фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳо барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — индустрикунонии босуръати мамлакат мебошад.
Дар робита ба ин, сармоягузорон, намояндагони бахши хусусӣ ва ҷонибҳои манфиатдорро барои ширкат дар ин чорабинии муҳими иқтисодӣ ва барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ даъват менамоем.
Тафсилот дар истиноди: dushanbeinvest.com
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед