28- сентябри соли 2023 дар Маркази тадбиқи лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд” муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» Баҳром Мансуров бо соҳибкорони ҷавон аз Федератсияи Рeсия ва намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот муовини директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Баҳром Мансуров ташрифи меҳмонро ба пойтахти Ҷумҳури Тоҷикистон-шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфт.
Дар рафти вохӯрӣ дастовардҳои шаҳри Душанбе дар татбиқи «лоиҳаҳои ҳушманд» бо истифода аз технологияҳои навтарин дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла: рақамикунонии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, барномаи «еDonish», «eTib” дар соҳаи тандурустӣ ва IT-парк, инчунин навори видеои оид ба фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» намоиш дода шуд.
Ҳадафи ташрифи акселератори тиҷорати мазкур рушди ҳамкори дар соҳаҳои соҳибкории ҷавонон фаъол гардонидани фаъолияти муштарак дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони мебошад.
Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории оянда ибрози ақида намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед