31 июли соли 2024 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти ширкати «GENEW Technologies Co. LTD» – и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Ширкати «GENEW Technologies Co. LTD» соли 2005 таъсис ёфта, корхонаи сатҳи баланди соҳаи технологӣ буда, маҳсулот ва ҳалли масъалаҳо дар соҳаи телекоммуникатсия инчунин таҳия ва таъминкунандаи нармафзори миллӣ мебошад.
КВД «Шаҳри ҳушманд» лоиҳаҳои, ки айни замон дар корбарӣ қарор доранд муаррифӣ намуд. Яке аз мавзӯҳои асосии вохӯрӣ ҳамкориҳо дар заминаи «Лоиҳаҳои ҳушманд» дар бахшҳои бехатарӣ, маориф ва тандурустӣ, инчунин дар бунёди Маркази коркарди маълумот ва Маркази координатсионӣ буд.
Дар интиҳо тарафҳо баҳри рушди соҳаи телекоммуникатсия табодули афкор намуда таъкид намуданд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамкориҳои минбаъда мусоидат менамояд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед