16 январи соли 2026 роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» вохӯрии корӣ бо ширкати R.I.S.K. баргузор намуд. Ин ширкат яке аз пешсафони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озорбойҷон ба ҳисоб меравад.
Ширкати мазкур соли 1993 таъсис ёфта, имрӯз дар зиёда аз 30 кишвар фаъолият мекунад. Ширкат дар шаҳри Душанбе низ намояндагӣ дошта, бо пешниҳоди ҳалли мукаммали рақамӣ барои соҳаҳои давлатдорӣ, молия, телекоммуникатсия ва нақлиёт машҳур аст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ презентатсияи корхона ва лоиҳаҳои амалкунанда муаррифӣ гардиданда, ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи ҳалли инноватсионӣ ва густариши лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд»-ро баррасӣ намуданд. Таъкид шуд, ки таҷрибаи байналмилалии ширкат метавонад ба татбиқи босамари барномаҳои рақамисозӣ дар Тоҷикистон мусоидат намояд.
Ин мулоқот оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ буда, ба таҳкими иқтидорҳои технологӣ ва рушди устувори рақамӣ дар кишвар равона шудааст.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte