Сарсабзии Ватан мароми пойтахти мо

7 январи соли 2026, бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар пойтахти кишвар иқдоми навбатии ободонӣ ва сарсабзгардонӣ оғоз ёфт.

Бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, КВД «Шаҳри ҳушманд», намояндагони вазорату идораҳо, донишҷӯён ва сокинони фаъол, дар кӯчаҳо ва боғҳои пойтахт садҳо ниҳолҳои нав шинонда шуданд.

Ҳадафи асосии ин иқдом таҳкими муҳити зист ва зебо гардондани симои шаҳри Душанбе мебошад.

Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ ва фарҳангии кишвар бо чунин амал рамзи эҳтиром ба табиат ва мероси миллӣ мегардад. Мақомоти шаҳр таъкид мекунанд, ки сарсабзии пойтахт на танҳо як иқдоми экологӣ, балки рамзи ваҳдат ва меҳри мардум ба Ватан аст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top