Шабакаи шаҳрии Интернет аз рўи технологияи Wi-Fi.

Дар шаҳри Душанбе истифодаи Wi-Fi амал мекунад. Ин нуқтаҳои дастрас ба интернети ройгони бидуни ноқилӣ дар боғу гулгаштҳои пойтахт, истгоҳҳо, наќлиёти ҷамъиятии автобусҳо ва троллейбусҳо васл шуда, марказҳои хизматрасонӣ мебошанд.

Шабакаи шаҳрии Wi-Fi ин як инфрасохтори асосии бидуни ноқилӣ барои рушди хизматрасонӣ дар доираи консепсияи «Шаҳри ҳушманд» мебошад, ки ба сокинон ва меҳмонони пойтахт дастрасии интернети ройгонро фароҳам меорад.

Шабака хусусиятҳои зерин дорад:

  • иқтидори умумии нуқтаи дастрасӣ ба Интернет дар як вақт на камтар барои 100 дастгоҳ таъмин карда мешавад;

  • кори диапазонҳои (2.4 ГГц) босифат буда, хатари таъсири мудохилаи эфириро коҳиш медиҳад;

  • суръати ҳар як истифодабаранда на камтар аз 12,8 кб / сония мебошад, ки истифодаи барномаҳои шаҳрӣ, паёмнависии мобилии фаврии босифатро кафолат дода ва инчунин мубодилаи босифати аксҳо ва видеоҳоро имкон медиҳад.

Тартиби пайвастшавӣ:
Барои пайвастшавӣ ба Wi-Fi аз рӯйхати шабакаҳои дастрас интихоб карда, браузеро кушода бо истифода аз телефон вориди система мешавед.

Пайвастшавӣ дар шабакаи Wi-Fi дар як рўз як маротиба пешбинӣ шуда, дар давоми рўз бошад барои истифодаи Интернет танҳо шабакаи Wi-Fi-ро интихоб намуда, браузеро ворид карда тугмаи “пайваст” – ро пахш мекунед.

Дурнамои рушд.
Марказии хадамоти дастгирии техникӣ кори Wi-Fi-ро назорат мекунад ва бо шањрвандон дар робита мебошад. Телефон: Факс: (+992 37) 227 47 45, Viber, WatsАpp (+992) 987 32 20 20.

Илова кунед

scroll to top