23 январи соли 2026 вохӯрии корӣ роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд «ТРАНСНЕТ»-и (Федератсияи Россия) баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар самти насби чароғҳои роҳнамоии «ҳушманд», инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳ баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани амнияти ҳаракати роҳ, беҳсозии ҷараёнҳои нақлиётӣ ва коҳиши сатҳи тамбашавии роҳҳо тавассути истифодаи системаҳои нақлиётии интеллектуалӣ равона гардид.
Намояндаи ширкат пешниҳодҳои худро оид ба ҷорӣ намудани ҳалли технологияи муосир, аз ҷумла идоракунии интеллектуалии чароғакҳои роҳнамо, таҳлили маълумоти нақлиётӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии системаи нақлиёти шаҳрӣ дар шакли рунамо муаррифӣ кард.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуда, мувофиқа карданд, ки имконоти ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодҳои мушаххас барои амал татбиқ таҳия гарданд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte