26 январи соли 2026 мулоқоти директорӣ КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо муовини калон Президенти JICA (Senior Vice President) Ҷаноби Ёшифуми Ёшикава ва Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имаи Сейҷу баргузор гардид.
Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» рӯнамоии фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои амалкунанда пешниҳод гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳои татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар зерсохтори шаҳриро баррасӣ карданд.
Меҳмонон дар ҷараёни боздид аз корхона аз қабули гарму самимии ҳайат изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки фаъолияти корхона ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, бо натиҷаҳои назаррас ва дастовардҳои баланд арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёти шаҳрӣ, чароғҳои роҳнамо, истгоҳҳои ҳушманд ва лавҳаҳои иттилоотӣ барои истгоҳҳо, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории зерсохтори нақлиётии пойтахт равона шудаанд, муҳокима карданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкории самаранок баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte