Ташрифи муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия — роҳбари дастгоҳи Ҳукумати Федератсияи Русия ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд».

9 октябри соли 2025 муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия — роҳбари дастгоҳи Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Дмитрий Григоренко Юрьевич, бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар доираи сафари расмӣ, ӯ бо ҳайати ҳамроҳаш аз бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.

Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ташрифи меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносиб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои нав арзёбӣ карданд.

Ҳайати меҳмонон нахуст аз бинои корхона дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои технологӣ ва инфрасохтории КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.

Ҳамзамон, ба меҳмонон рӯнамоӣ фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои «Ҳушманд» пешниҳод ва муаррифӣ гардид.

Мақсади асосии вохӯрӣ табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ дар муҳити шаҳрӣ арзёбӣ гардид.

Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати барқарорсозӣ ва таҳкими робитаҳои шарикӣ миёни муассисаҳои соҳавии ду кишвар изҳор намуда, зарурати густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои афзалиятнокро таъкид карданд. Ҳамзамон, пешрафти назарраси шаҳри Душанбе дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи технологияҳои навин ҳамчун намунаи муваффақи сиёсати инноватсионӣ мавриди қадрдонӣ қарор гирифт.

Вохӯрӣ дар фазои созанда ва самарабахш баргузор гардида, бо нияти густариши ҳамкориҳои минбаъда ба анҷом расид.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top