Санаи 3 октябри соли 2025 дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” чорабинии илмию фарҳангии бошукӯҳ ба муносибати иди касбии омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ш. А., муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д. Р., муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода У. Б., Сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б. М., муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Рустамзода Ф.Р. ва фаъолону собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур як қатор фаъолон ва собиқадорони соҳа аз ҷумла омӯзгорон ва маъмурони фаъоли барномаи электронии “eDonish” аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе барои фаъолияти арзанда ва меҳнати пурсамар бо мукофотҳои молию пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қайд гардид, ки тарбиятдиҳандаи миллат маҳз омӯзгорон ба шумор рафта, рушди давлату миллат аз фаъолияти содиқонаи омӯзгорон вобастагии калон дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва рисолати устод дар ҷомеа чунин таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат ва гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад».
Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидаруҳии устодон бо ширкати ҳунармандони машҳури кишвар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.













Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte