Санаи 26 майи соли 2021 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо Ниссо Қосимова менеджери Минтақавии Барномаи СММ (UNAIDS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохурӣ оид ба масъалаҳои марбут ба роҳандозии лоиҳаи Созмони Милали Муттаҳид дар самти пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, аз қабили Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО), зарпарвин (гепатит), сил (туберкулёз) ва ғайра, инчунин сабаб ва омилҳои афзоиши бемориҳои зикршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои минтақа ва роҳҳои пешгирии онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни музокирот оид ба воридшавии шаҳри Душанбе ба декларатсияи Париж “Ташаббус оид ба суръат бахшидани фаъолиятҳо дар шаҳрҳо: хотима додан ба эпидемияи БПНМ”, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва роҳҳои пешгирии Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ибрози назар карданд.
Намояндаи Барномаи СММ (UNAIDS) дар Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ниҳодҳои марбутаи он Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city) ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самти мубориза ва пешгири бемориҳои сироятии зикршуда, имзои декларатсияи Париж, ташкили гурўҳҳои корӣ бобати гузаронидани тестҳо ва огоҳонии аҳолӣ аз вируси ВНМО (Вируси норасоии масъунияти одам) ва бемории сил инчунин ба системаи рақамикунонӣ гузаштани муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе таклифу пешниҳод ва дар роҳи амалисозии он дархости мусоидат намуданд.
Вохурӣ дар фазои созанда ва дустона баргузор гардид ва тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд дар оянда изҳор намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед