Соати сиёсӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд»

16 ноябри соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд»-и Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар нохияи Исмоили Сомонӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Исмоили Сомонӣ Шарипова Лайло ва Гадоев Абдурасул ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” баргузор гардид.

Соати сиёсиро бо сухани ифтитоҳи Шоева Наргис оғоз намуда, нақши муҳими Сарвари давлатро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ташаккулёбии сиёсати давлат қайд намуданд.

Баъдан, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул ҳозиринро бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд карданд, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукунҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.

Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудаем.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top