Санаи 15 ноябри соли 2023 дар Маркази тадбиқи лоиҳаҳои “шаҳри ҳушманд»-и Корхонаи воҳидии давлатии «Шаҳри ҳушманд(Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лагери ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллат» бо иштироки 100 нафар ҷавонони фаъол аз ҳисоби масъулини ВАО – маҳаллӣ (телевизион, радио ва нашрияҳо), ки малакаи кор кардан бо шабакаҳои иҷтимоӣ доранд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ дастовардҳои шаҳри Душанбе дар татбиқи «лоиҳаҳои ҳушманд» бо истифода аз технологияҳои навтарин дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла: рақамикунонии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, барномаи «еDonish», «eTib» дар соҳаи тандурустӣ ва IT-парк, бо намоиши навори видеоӣ оид ба фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ карда шуданд.
Ҳадафи ташрифи ҷавонони фаъол рушди ҳамкории фаъолияти муштарак дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони мебошад.
Ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкории оянда ибрози ақида намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед