15 ноябри соли 2023 дар шаҳри Сеул вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Фарҳод Бобоев дар доираи Созишномаи басташуда оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen Co.Ltd» – и Ҷумҳурии Корея оид ба лоиҳаи «Системаи сабти акс ва видеои қонуншикании қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» баргузор гардид.
Якҷоя бо ширкати «RexGen Co.Ltd» барои пешгирӣ аз таваққуфгоҳи ғайриқонунӣ дар истгоҳҳои ҷамъиятии ҳудуди шаҳри Душанбе камераҳои назоратии озмоишӣ насб карда шуданд.
Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо дар назар аст, ки лоиҳаи насби камераҳои назоратӣ ва ҷорӣ намудани низоми назорати суръат дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ идома ёбад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед