Мулоқот бо намояндагони Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 ноябри соли 2023 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохурии директори корхона Саъдӣ Самадзод бо мудири шуъбаи сиёсӣ ва иқтисодии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фил Гутри ва мутахассиси ин шӯъба Саймон Ҳесслер баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ муаррифии лоиҳаҳои «ҳушманд» гузаронида шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои «IT Park», «Data Center» ва «eTib» дода шуд.

Зимнан зикр гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкур ба фароҳам овардани муҳити бароҳат ва бехатари шаҳр нигаронида шудааст, ки ба афзоиши шумораи ҷойҳои корӣ, рушди иқтисодиёти шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони он мусоидат мекунанд.

Вохурӣ дар вазъияти гарму ҷӯшон ва кордонӣ, пурмаҳсул гузашт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top