Табрикот ба рӯзи касбии кормандони радио ва соҳаҳои алоқа

Мӯҳтарам кормандони радио ва соҳаҳои алоқа!

Кормандони корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ҳамаи Шуморо бо иди касбии Рӯзи радио ва соҳаҳои алоқа табрик ва таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор ва пешравиҳои касбиро таманно мекунанд.

Фаъолияти шумо асоси ҷомеаи иттилоотии муосир аст. Шумо одамон, шаҳрҳо ва кишварҳоро пайваст карда, кори мураттаби системаҳои алоқа, радиошунавонӣ ва телекоммуникатсияро таъмин мекунед. Бо шарофати шумо, ҳар рӯз миллионҳо одамон ба иттилоот дастрасӣ пайдо намуда, бо наздикон дар тамос шуда ҳамқадами замон мегарданд.

Ба шумо саломатии бардавом, некбинӣ, ғояҳои нав ва дастовардҳои нав ба навро орзумандем! Бигзор технологияҳое, ки шумо бо он кор мекунед, ба нафъи сулҳу субот, пешрафт ва рушди кишварамон хизмат кунад!

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top