Санаи 29-уми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе” барои 61 нафар роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо мақсади гузаштан ба системаи электронӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ Алимадов Саъдулло, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе, муовини директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Бобоев Фарҳод ва муовини директори “Пардохти ҳушманд” иштирок ва суханронӣ карданд.
Ҳамин тавр, аз ҷониби масъулин дар чорабинӣ вобаста ба шарҳу баррасӣ ва рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586 аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №911 аз 08 январи соли 2025 “Дар бораи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намудани солҳои 2025-2030”, қарори Раиси шаҳри Душанбе №595 аз 08 ноябри соли 2023 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои алоқаманд маълумот пешниҳод карда шуд.
Инчунин дар чорабинии мазкур директори иҷроияи ширкати технологияи АИТИ “Ребус” Зеваров Фирдавс низ бо мақсади баррасии барномарезӣ ва татбиқи системаи зеҳнии назорати видеоӣ, технологияи муосири мушоҳида ва таҳлили видеоӣ иштирок намуда, ҶДММ “Ребус”-ро муаррифӣ намуд. Дар навбати худ номбурда оид ба барномаи “Карта поциента» (Таърихи бемор) ва “Электронный очеред» (Навбати электронӣ) низ равшанӣ андохта, муассисаҳои зерсохтори раёсатро барои ҳамкории дуҷониба даъват намуд.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte