Вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳр Саломзода Раҳмиддин Салом ва бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” вохӯрии корӣ бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Аргун Рамамуртӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди низоми устувори нақлиёти пойтахтро мавриди баррасӣ қарор дода, ба татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти барқӣ тавассути энергияи сабз дар шаҳри Душанбе” таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Ин иқдом ба такмили инфрасохтори шаҳрӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони пойтахт равона гардида, аҳамияти стратегӣ барои рушди устувори шаҳр дорад.

Ин вохӯрӣ қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои шарикии Душанбе бо созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top