8 апрели соли 2026 дар IT Park шаҳри Душанбе Ҷаласаи пленарии миссияи тиҷоратии ширкатҳои русии бахши рақамӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Чорабинӣ таҳти роҳбарии раиси Шӯрои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ҷаласа намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд”, ширкатҳои пешбари русӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, шарикони тоҷик ва намояндагони сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.
Мавзӯи асосии ҷаласа ба густариши ҳамкорӣ дар самти рақамисозии иқтисод, татбиқи ҳалли инноватсионӣ ва рушди лоиҳаҳои муштарак дар бахши IT ва телекоммуникатсия бахшида шуд.
Тибқи барномаи ҷаласа, сардори шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Амонзода Зафар, бо презентатсия ва баромади худ дар мавзӯи “Намунаҳои пешрафта дар соҳаи табдили рақамии шаҳри Душанбе” маълумоти муфассал пешниҳод кард.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte