Вохӯрии роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” бо муовини раиси Шӯрои кории Русияву Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи рушди рақамии Тоҷикистон, инчунин бо намояндагони ширкатҳои пешбари технологӣ ва коршиносони рақамисозии Федератсияи Русия

9 апрели соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии васеи корӣ бо иштироки намояндагони ширкатҳои пешбари технологӣ, шӯроҳои тиҷоратӣ ва коршиносони соҳаи рақамисозӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳалли инноватсионӣ барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён роҳҳои густариши ҳамкории дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро муҳокима намуда, ба зарурати ворид намудани технологияҳои муосир ба низоми идоракунии шаҳр ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои иҷтимоӣ таъкид карданд.

Ин вохӯрӣ ҳамчун қадами муҳим дар самти таҳкими муносибатҳои иқтисодию технологӣ ва рушди модели “шаҳри ҳушманд” арзёбӣ гардид.

Дар фарҷом роҳбарияти корхона изҳор дошт, ки татбиқи чунин ташаббусҳо ба беҳтарсозии муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони пойтахт мусоидат хоҳад кард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top