9 апрели соли 2026 директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбари навтаиншудаи ширкати “Huawei” Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои таъсиси маркази коркарди маълумот, рушди зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои зарурӣ ва такмили идоракунии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба истифодаи платформаҳои таҳлилӣ, системаҳои мониторинг ва технологияҳои дорои зеҳни сунъӣ барои баланд бардоштани самаранокии равандҳои шаҳрӣ равона гардид. Намояндаи “Huawei” омодагии худро ҷиҳати мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва мутобиқсозии ҳалли технологӣ ба шароити шаҳри Душанбе изҳор намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба идомаи муколама ва таҳияи пешниҳодҳо барои амалисозии лоиҳаҳои муштарак, инчунин рушди устувор ва рақамии шаҳри Душанбе ба мувофиқа расиданд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte