20 сентябри соли 2024 Форуми миллии «Рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамисозӣ: ҳукумати электронӣ ва тиҷорати рақамӣ» баргузор гардид.
Форуми мазкур аз ҷониби Агентии технологияҳои инноватсионӣ ва рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони миллӣ ва байналмилалӣ ташкил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ, ки барои нахустин бор дар кишвар баргузор шуд, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин шарикони рушд ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат доштанд.
Зимни баргузории форум ба раванди рушди иқтисоди рақамӣ, ҳукумати электронӣ, амнияти киберӣ бо муайян кардани дастовардҳо ва дурнамо дар ин самтҳо диққати махсус дода шуд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte