8 апрели соли 2026 вохӯрии директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” –и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо роҳбари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабалланд баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе”, ки бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, равона карда шуд. Таъкид гардид, ки бо шарофати ҳамкории муштарак аллакай натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо лоиҳаи “Асоснокҳои рақамии Тоҷикистон”-ро баррасӣ намуданд, ки ҳадафи он рушди инфрасохтори рақамӣ, васеъ намудани дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад.
Илова бар ин, дар рафти мулоқот дурнамои ҳамкории минбаъда дар самти технологияҳои сабз, ҷорӣ намудани ҳалли инноватсионӣ ва рушди устувори шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавсмандии худро барои таҳкими шарикӣ ва идомаи ҳамкории муштарак дар татбиқи лоиҳаҳое, ки ба рушди муҳити муосир, экологӣ ва технологӣ равона шудаанд, изҳор намуданд.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte