Насби камераҳои видеоӣ барои нигоҳ доштани тозагӣ дар шаҳри Душанбе

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳифзи тозагӣ дар 50 нуқтаи шаҳри Душанбе камераҳои видеоӣ насб мекунад.

Ташаббус дар доираи Соли маърифати экологӣ, ки соли 2024 эълон шуда буд, амалӣ мешавад.

Бо ин мақсад Маркази назорати камераҳои видеоӣ назди Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъол карда шудааст.

Таҷҳизот ва камераҳои Марказ 24 соат фаъол буда, сабтҳо барои назорат дар як махзани маълумот нигоҳ дошта мешаванд. Марказ ҳамчун сохтори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

Чунин тадбири экологӣ имкон медихад, ки ҳодисахои вайрон кардани қонунгузории экологӣ, махсусан ба ҷойҳои муайяншуда напартофтани партовҳо ошкор карда шавад.

khovar.tj Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top