15 июли соли 2015 иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум, бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ оғоз гардид.
Дар аввал рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди корхонањҳои нави саноатӣ, сохтмони иншооту ифрасохтори зарурӣ ва иҷро кардани чорабиниҳои боқимонда дастуру супоришҳо доданд.
Вакилон дар идома, ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021 – 2025» – ро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд. Муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсусгардонидашуда корбарӣ намуда, барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
Дар идома вакилон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин бора гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур, Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр супориш доданд, ки ҳамеша баҳри таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва барои ба дастовардҳои хуб ноил гардидан тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.
Инчунин, баҳри иҷроиши босифат ва саривақтии нақша чорабиниҳои таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат, тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte